Бақайдгирии довталабон ба коллеҷҳо аз моҳи июн оғоз мегардад

Ба диққати алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2017 расонида мешавад, ки қабули донишҷӯён дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) дар соли равон тавассути низоми имтиҳонҳои мазкур ба роҳ монда намешавад.
Аз ин рӯ, шахсоне, ки хатмкунандаи синфи 9 мебошанд ё таҳсилоти умумии асосӣ доранду ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) дохил шудан мехоҳанд, тибқи тартиби солҳои пешин бояд ба комиссияи қабули муассисаҳои таълимии дахлдор муроҷиат намоянд.
Хотиррасон менамоем, ки бақайдгирии чунин довталабон дар муассисаҳои таълимии мазкур аз моҳи июн оғоз мегардад.

АМИТ «Ховар»

Tags: