Иқдоми 75 рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон дар шаҳри Ваҳдат шурӯъ гардид

Ба муносибати Соли ҷавонон  ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат иқдоми 75 рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон таҳти унвони «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад!» оғоз гардид. 

Иқдоми мазкур бо мақсади тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, тавсеаи корҳои ободониву созандагӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани кишвар гузаронида мешавад.
Дар рӯзи оғози ин маърака бо иштироки 20 нафар ихтиёриёни ҷавони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шоҳроҳи Ваҳдат-Файзобод зиёда аз 280 адад дарахтони сояафкан ва ҳамешасабз шинонида шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: