ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ. Шуруъ аз соли 2021 ба Тоҷикистон 1596 воситаи нақлиёти барқӣ ворид гардид

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ маҳсуб мешавад. Аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ  иттилоъ доданд, ки нақлиёти автомобилӣ ба ҳайси соҳаи алоҳида дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳанӯз 25 июли соли 1939 таъсис ёфтааст. Он солҳо Комиссариати халқӣ оид ба нақлиёти автомобилии Тоҷикистон ташкил шуда, хоҷагиҳои автомобилии алоҳида, базаҳои автомобилӣ ва корхонаҳои таъмири автомобилҳо муттаҳид гаштанд.

Бо қабули Барномаи рушди нақлиёти барқӣ ба ҷумҳурӣ беш аз 1500 нақлиёти барқӣ ворид карда шуд

Имрӯзҳо бо назардошти талаботи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист ва болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ ба истифодаи нақлиёти барқӣ — электромобилҳо таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Дар ин раванд бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани он, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат аз ҷониби Вазорати нақлиёт «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» таҳия ва бо қарори Ҳукумати мамлакат 30 октябри соли 2022 тасдиқ гардид.

Дар марҳилаи якуми ин барнома раванди воридот ва ташкили инфрасохтори хизматрасонӣ барои электромобилҳо пешбинӣ шудааст, ки ба зиёдшавии парки воситаҳои нақлиёти барқӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати баланди хизматрасонӣ мусоидат менамояд. Шуруъ аз соли 2021 то 6 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ 1596 воситаи нақлиёти барқӣ, аз ҷумла 1574 автомобили сабукрави барқӣ (электромобилҳо), 7 автобус ва микроавтобуси барқӣ, 9 воситаи нақлиёти боркаш ва 6 воситаи махсуси борбардорӣ (электропогрузчик) ворид гардида, мавриди истифода қарор доранд.

Беш аз 93% борҳо ва 96% мусофирон бо нақлиёти автомобилӣ интиқол дода мешаванд

Бо назардошти он ки 93 фисади мамлакати моро кӯҳсор ташкил медиҳад, барои истифодаи нақлиёти автомобилӣ эҳтиёҷ зиёдтар аст. Аз ин лиҳоз беш аз 93,8% борҳо ва 96,7% мусофирон бо ин намуди нақлиёт интиқол дода мешаванд. Бо дарназардошти ин Тоҷикистон ба кушодани роҳҳои автомобилӣ ниёзи бештар дошт ва аз солҳои 20-30-юми асри гузашта бунёди роҳҳо оғоз гардид.

Вақте соли 1926 роҳи нахустини Тирмиз-Душанбе сохта шуд, 137 км он барои ҳаракати нақлиёти автомобилӣ мутобиқ карда шуд. Худи ҳамон сол нахустин корвони мошинҳо аз Тирмиз ба Душанбе омад. Ҳанӯз солҳои 40-ум тавассути нақлиёти автомобилӣ дар ҷумҳурӣ 32 ҳазору 954 мусофир ва қариб 64 ҳазор тонна бор интиқол дода шудааст.

Инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон солҳои 60-80-уми асри XX бунёд гардидааст

Ҳамин тариқ, соҳаи нақлиёти автомобилӣ ҷузъи муҳими робита байни саноат, соҳаи кишоварзӣ, шаҳру ноҳияҳо ва аҳолии деҳот буда, муносибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии онро густариш медиҳад. Инфрасохтори нақлиётии мамлакат асосан солҳои 60-80-уми асри гузашта ҳамчун қисми таркибии шабакаҳои нақлиётии Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд ёфтааст. Рушду пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва иқтисодиёти дилхоҳ кишварро бе нақлиёт, бахусус автомобил тасаввур кардан ғайриимкон аст, зеро ҳаёти ҳар яки мо ҳамарӯза ба автомобил иртибот дорад. Ин алоқамандӣ дар шароити хоси табиӣ-иқлимии ҷумҳуриамон баръало дида мешавад.

Ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон- яке аз ҳадафҳои асосии стратегияи миллии рушди мамлакат

Тавре ҳамагон воқиф ҳастанд, соҳаи нақлиёти автомобилӣ мисли дигар соҳаҳо дар даврони истиқлол ба тадриҷ рӯ ба рушд ниҳод. Дар солҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба рушди шабакаи роҳҳои автомобилгард ва инфрасохтори он, хизматрасонии нақлиётию логистикӣ, инчунин навкунии парки воситаҳои нақлиёти мусофирбар ва боркаши ҷумҳурӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шуда, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосии стратегияи миллии рушди Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Дар ин раванд бо саъю талош ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо бунёд гардидани шоҳроҳҳои автомобилӣ ва инфрасохтори нақлиётӣ Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфта, бо пайваст ва таъмин гардидани шабакаи нақлиётӣ ба давлати воҳид табдил ёфт.

Дар бозори автомобилии Тоҷикистон беш аз 2000 корхона фаъол аст

Имрӯзҳо дар миқёси ҷумҳурӣ 2020 субъекти хоҷагидор дар бозори нақлиёти автомобилӣ, ки дар асоси иҷозатнома фаъолият менамоянд, сабт шудаанд. Аз ин теъдод 227 адад корхонаи нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла 83 мусофирбар, 78 боркаш, 66 омехта (бор ва мусофир), инчунин 44 терминали мусофирбар, 7 боркаш, 74 таваққуфгоҳи нақлиётӣ ва 1668-тоаш нуқтаи хизматрасонии техникӣ ва таъмир мебошад. Ҳамзамон аз шумораи умумии 53 313 воситаи нақлиёти дар иқтисодиёт истифодашаванда 7715 ададашро воситаи нақлиёти мусофирбар, 21 400-тоашро боркаш ва 24 198 ададро нақлиёти автомобилии сабукрав ташкил медиҳад. Шумораи умумии хатсайрҳои мусофирбар дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 962 адад, аз ҷумла 182 шаҳрӣ, 614 наздишаҳрӣ, 136 байнишаҳрӣ ва 30 аадд байналмилалӣ мебошад.

Имсол 50 миллион тонна бор ва 431 миллион нафар мусофирон тавассути нақлиёти автомобилӣ интиқол дода шуданд

Бояд гуфт, ки солҳои охир аз ҳисоби муҳайё шудани шароити мусоид ва назорати давлатӣ рушди устувор ва қонеъкунандаи талаботи бозор нисбат ба хизматрасонии нақлиётӣ (боркашонӣ ва мусофирбарӣ) таъмин гардида истодааст. Омили асосие, ки ба афзоиши боркашонӣ таъсир расонид, зиёд шудани ҳаҷми маҳсулоти сохтмониву саноатӣ, инчунин содироти маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Ҳаҷми умумии боркашонӣ ва мусофирбарӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ дар давраи солҳои 1992-2000 тамоюли пастравӣ дошта, шуруъ аз соли 2001 он тамоюли болоравӣ касб намуд. Ҳаҷми боркашонӣ дар шаш моҳи соли 2023 тавассути нақлиёти автомобилӣ дар маҷмуъ дар миқёси мамлакат 50,4 миллион тонна ё 113,6% ва мусофирбар 431 миллиону 745 ҳазор мусофир ё 108,7% нисбат ба соли гузаштаро ташкил медиҳад.

Солҳои охир бо бунёд гардидани роҳу пулҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ ҳамлу нақли байналмилалӣ низ тавассути нақлиёти автомобилӣ рушд дорад. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонидааст. Имрӯзҳо тавассути долонҳои нақлиётии байналмилалӣ, ки дар доираи барномаҳои ҲИМОМ ЦАРЕС, ТРАСЕКА, шоҳроҳҳои автомобилгарди Осиё ва Созишномаи Аврупоӣ қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур мекунанд, ҳамлу нақли байналмилалӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Дар айни замон ҳиссаи интиқолдиҳандагони ватанӣ дар раванди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ 64%-ро ташкил медиҳад.

Имрӯзҳо нақлиётчиёни мамлакат дар рушди соҳаи иқтисодии ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузошта, барои рушди ин соҳаи хеле муҳим ва афзалиятнок саъю талош менамоянд.

 

Tags: