Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 30 май аз кӯли Сарез ва ноҳияи Дарвоз дидан мекунад»,- хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Инчунин интизор меравад, ки худи ҳамон рӯз маросими расмии истиқболи Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск дар Қасри миллат баргузор гардад. Сараввал мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск доир мегардад. Сипас мулоқоти васеи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Итиҳоди Аврупо доир мешавад. Дар анҷоми мулоқот изҳороти матбуотии муштарак ба намояндагони воситаҳои ахбори омма дар назар аст.
Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск бо арзи эҳтиром ба арзишҳои волои миллати тоҷик дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе дар назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузорад.
АМИТ «Ховар»