Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 25 август дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар бештари ноҳияҳо боридани борон пешгӯӣ карда мешавад.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар дошта шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 10-15 ва рӯзона 27-32 дараҷа гармӣ дар назар дошта шуда, дар шарқи ҳамин вилоят гармии ҳаво шабона ба 1-6 ва рӯзона ба 15-20 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр гашта, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 33-38 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳавои вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар бештари ноҳияҳо борон меборад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 15-20 ва рӯзона ба 30-35 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрӣ ва боронӣ пешгӯӣ карда шуда, ҳарорат шабона 11-16 ва рӯзона 32-37 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, шабона 12-14 ва рӯзона 34-36 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ "Ховар"