Имрӯз, 13 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри бебориш гашта, туман мефарояд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳаво дар вилояти Суғд имрӯз тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 17-22 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, рӯзона фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 19-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона -1+4 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрӣ пешбинӣ гашта, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3, рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ "Ховар"