Имрӯз дар Тоҷикистон зилзила ба амал омад

Имрӯз соати 13:18 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави  Тоҷикистон зилзила ба амал омад.

Тибқи иттилои Хадамоти  геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази зилзила  дар 245 км қисмати шимолу шарқи Душанбе,  дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон  — 12 км шарқи Исфара  воқеъ буда, ларзиши замин дар марказаш 5 баллро ташкил дод.

Дар бораи хисороти зилзила иттилоъ дода нашудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: