Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ мешавад

Имрӯз ҳаво дар қаламрави Тоҷикистон тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, дар доманакӯҳҳо ва баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ пастшавии ҳарорат пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 2 октябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ҳаво тағйирёбанда мешавад. Дар бештари ноҳияҳо ҳарорат паст гардида, гармӣ дар водиҳо рӯзона ба 31 дараҷа мерасад. Ҳаво дар шимоли кишвар абрноки бебориш шуда, ҳарорат рӯзона дар водиҳо 23 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 15 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Обуҳавошиносони кишвар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пастшавии ҳарорат ва ҳавои абрноки беборишро пешгӯӣ мекунанд. Дар шарқ ва ғарби вилоят ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ шуда, дар ғарби вилоят 20-25 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят 14 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои абрнок ва бебориш пешгӯӣ мекунанд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 29 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва пастшавии ҳарорат дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар пойтахт 27 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

АМИТ "Ховар"

Tags: