Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз пастшавии ҳарорат хабар медиҳад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, боридани боронҳои пуршиддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Имрӯз, 9 апрел дар вилояти Суғд ҳавои абрноки боронӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтимоли боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва барф пешбинӣ шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 5-10 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани боронҳои пуршиддат ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12-17 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи боронӣ шуда, шабона дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Шабона дар водиҳо 9-14 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолат боридани боронҳои пуршиддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат шабона 10-12 ва рӯзона 19-21 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"