Конститутсия-танзимкунандаи ҳаёти сиёсӣ ва ҳуқуқии миллат

Дирӯз, 1 ноябри соли равон бо ибтикори факултети филология ва Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Конститутсия- танзимкунандаи ҳаёти сиёсӣ ва ҳуқуқии миллат» ҷамъомад доир гардид.
Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш» — и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.
Сироҷиддини Эмомалӣ, декани факултети филологияи Донишгоҳи миллӣ иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷуҳурии Тоҷикистон дарвоқеъ муайянкунандаи роҳи фардои миллати тоҷик мебошад.
Паҳлуҳои мухталифи ҳуқуқиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Конститутсияи Тоҷикистон дар суханрониҳои Хонзода Абдураҳмон, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, таъкид гардид, ки «тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи замон ва ҷомеа буда, бо назардошти арзишҳои миллиимардуми тоҷик роҳандозӣ гардиданд».
Дар ҷамъомад зикр шуд, ки риояи ҳатмии қонунҳои конститутсионӣ кафили зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшони миллату давлат маҳсуб мешавад.

АМИТ «Ховар»

 

Tags: