Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 18+20 дараҷа гарм мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорат дар шаҳри Душанбе рӯзона ба 18+20 дараҷа мерасад.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук  ва  рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 15-20 дараҷа хунук ва рӯзона  1 — 6 дараҷа хунук  мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол  аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ тормеғи тунук мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2  дараҷа гарм ва рӯзона  8+13  дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти  ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  2+4 дараҷа гарм ва рӯзона 18+20 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ «Ховар»