Россия талош дорад доираи дӯстони СААД-ро васеъ намояд

Москва  талош  дорад,  ки доираи дӯстони кишварҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ васеъ гардад,-изҳор дошт Владимир Путин дар ҳамоиши  ин  созмон. Ин нишст  дирӯз дар қароргоҳи Ала-Арч дар Бишкек бо иштироки сарони давлатҳои аъзои СААД баргузор гардид.

Президент инчунин ёдовар шуд, ки соли гузашта Россия як зумра ҳуҷҷатҳоро, ки имкони мақоми шарикӣ ва нозирӣ доштани СААД-ро фароҳам меоранд, тасдиқ кард.

«Пас аз тасвиби ин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби тамоми аъзои созмон, мо метавонем муколамаро бо давлатҳое, ки ҳавасмандӣ ва омодагиро барои барқарор кардани робитаҳои наздик бо ин созмон изҳор мекунанд, оғоз  намоем»,- илова намуд ӯ.

АМИТ «Ховар»

Tags: