Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳарорат ба 34 дараҷа мерасад

Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо ҳарорат ба 34 дараҷа мерасад.

Имрӯз, 25 май дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +15 +20 ва рӯзона +29 +34 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +3 +8 ва рӯзона +19 +24 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  низ ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ мешавад. Шамол аз самт ғарб то 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +16 +20 ва рӯзона +29 +34 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона 8+13 ва рӯзона ба 25+30 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе низ ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.  Ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +27 +29 дараҷа ва шабона +9+11 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"