Имрӯз Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радио, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Суди Олии иқтисодӣ, МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ мегузаронанд

Имрӯз, 22 июл оид ба ҷамъбасти  фаъолият  дар шаш моҳи аввали  соли 2020 Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ мегузаронанд.

Нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим соати 09:00, Кумитаи телевизион ва радио соати 13:30 ва МД «Телевизиони Сафина» соати 15:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор мешаванд.

Бонки миллӣ соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Бонки мазкур (Рӯдакӣ 107А) ва Суди Олии иқтисодӣ соати 11:00 дар бинои ин сохтор  нишаст доир менамоянд.

Хотиррасон менамоем, ки масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) мувофиқа менамоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» —www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус, ба диққати масъулин ва иштирокчиёни нишастҳои матбуотӣ расонида мешавад, ки талаботи беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19-ро қатъиян риоя намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: