Имрӯз, 21 июл Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2020 нишасти матбуотӣ мегузаронанд.
БДА ҶТ «Амонатбонк» соати 09:00 дар бонки мазкур, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» соати 10:00 ва Агентии беҳдоши замин ва обёрӣ соати 10:00 дар маҷлисгоҳҳои бинои ин сохторҳо нишасти матбуотӣ барпо менамоянд.
Нишасти матбуотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа соати 11:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» доир мешавад.
Хотиррасон менамоем, ки масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) мувофиқа менамоянд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» —www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.
Бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус ба диққати масъулин ва иштирокчиёни нишастҳои матбуотӣ расонида мешавад, ки талаботи беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19-ро қатъиян риоя намоянд.
АМИТ «Ховар»