Имомхатиб дар Кӯлоб барои ҳамкорӣ бо ТТЭ ҲНИ ва сомонаи «Ислоҳ» боздошт шуд

5 март кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 4 нафар, аз ҷумла имомхатиби 28-солаи масҷиди маҳаллаи «Нонвойи поён»-и шаҳри Кӯлоб Маҳмадсодиқ Саидовро барои ҳамкорӣ бо ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) ва сомонаи экстремистӣ эълоншудаи «Ислоҳ» боздошт намуданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора чанде пеш расонаҳои хабарӣ иттилоъ доданд.

Аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ ба АМИТ «Ховар» зимни шарҳи ин хабар гуфтанд, ки  Маҳмадсодиқ Саидов аз соли 2016 инҷониб имомхатиби масҷиди маҳаллаи «Нонвойи поён»-и шаҳри Кӯлоб буд.

«Тибқи иттилои бадастомада, номбурда бо сӯистифода аз мавқеи имомхатибӣ ба манфиати ташкилоти террористии фавқуззикр фаъолият менамудааст», — гуфтанд дар Кумита ва илова намуданд, ки барои халал нарасондан ба рафти тафтишот аз ин зиёд маълумот дода наметавонанд.

Бояд гуфт, ки далелҳои дастрасшуда ҳамкории Маҳмадсодиқ Саидовро бо ТТЭ ҲНИ ва сомонаи экстремистӣ эълоншудаи «Ислоҳ», аз ҷумла мудири он Муҳаммадиқболи Садриддин собит мекунанд. Бо ҳамин далел нисбат ба ӯ бо иттиҳоми ташкили фаъолияти ифротгароӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: