Дар идомаи сафар имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд 2 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, маркази савдо, чойхона ва кӯдакистонро барои 240 ҷой расман ба истифода дода, ба 80 нафар кӯдакони ятим туҳфаҳои идона тақдим намуданд.
Бунёду ба истифода додани 2 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо маркази савдо, чойхона ва бинои лоиҳавии кӯдакистон барои 240 ҷой бо саҳму иқдоми соҳибкорони ватанӣ собитгари пуштибонӣ аз сиёсати созандагии Ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллат, самараи дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ҷалбу ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо бахши хусусӣ дар бунёди чунин иншооти замонавии иҷтимоӣ ва бунёдкорию ободонӣ мебошад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ин иншооти нав расман ифтитоҳ бахшида, нақшу саҳми соҳибкорони ватаниро дар рушди ободонӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар маҳаллаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бунёд гардидани биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо маркази савдою таваққуфгоҳ барои нақлиёт, чойхона, кӯдакистон барои 240 ҷой, майдончаи варзишии замонавӣ, мавзеи сайру истироҳат дар баробари соҳиби манзил шудани шаҳрвандон барои хизматрасониҳо ва фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, шуғлу бозӣ, шароити замонавӣ фароҳам оварда шудаанд.
Барои сохтмону муҷаҳҳазгардонии маҷмӯи иншоот 38 млн сомонӣ сармояи дохилии соҳибкори маҳаллӣ равона гардидааст.
2 бинои истиқоматии 5 ва 6-ошёна дорои 9 даромадгоҳ ва 313 манзилҳои аз 1 то 4-ҳуҷрагӣ буда, сохтмони онҳо бо усули ипотека, саҳми соҳибони ояндаи манзилҳои истиқоматӣ амалӣ шудааст.
Дар шаҳри Хуҷанд бо афзоиши аҳолӣ ва оилаҳои нав эҳтиёҷот ба манзили истиқоматӣ меафзояд. Бо қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ давоми солҳои охир ба 5 ҳазору 500 оилаҳои эҳтиёҷманд қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст. Дар баробари ин, бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо усули ипотека ва сармояи соҳибкорӣ вусъат дорад ва айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд беш аз 100 бинои баландошёнаи истиқоматӣ сохта мешавад. Саҳми соҳибкори ватанӣ Муртазо Алиев ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иморатсоз» дар ин самт арзанда аст.
Сокинони шаҳри Хуҷанд аз таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рушду тараққии шаҳри Хуҷанд дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат изҳори сипосу қаноатмандӣ менамоянд.
Бинои кӯдакистон аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои таъсиси 8 гурӯҳи тарбиявӣ-яъне 240 нафар кӯдакон дар ошёнаи 1-уму дуюм шароит фароҳам оварда шуда, барои маҳфилу баргузории машғулияту чорабиниҳо дар ошёнаи сеюм толорҳо мутобиқанд. Тибқи барномаи таълим, тарбия ва инкишофи кӯдак маҳфилу дарсҳои омӯзиши ҳисобу ҳарфҳо, мусиқӣ, компютерӣ, бозиҳои шавқовар ва ғайра таъсис дода мешаванд.
Сарвари давлат дар суҳбат бо соҳибкорон, муаллимону мураббияҳо таъкид доштанд, ки ин имконияту шароити арзанда аз масъулон ва ҳамаи кормандони муассиса масъулияти дучанд, истифодаи донишу маҳорат дар таълиму тарбияи кӯдакро тақозо мекунад.
Дар баробари таваҷҷуҳи хосса ба масъалаи таълиму тарбияи фарзанд ғамхорӣ ва парастории кӯдакони ятим дар сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар мадди аввал меистад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони ятим меҳру муҳаббат ва ғамхории падарона зоҳир мекунанд.
Дар ҷараёни ба истифода додани иншооти иҷтимоӣ ва кӯдакистон дар шаҳри Хуҷанд Пешвои миллат гурӯҳи кӯдакони ятимро, ки бо ҳукми тақдир аз меҳру муҳаббати волидайн бебаҳраанд, бо ғамхорию меҳру муҳаббати падарона фаро гирифтанд.
Сарвари давлат ба 80 нафар кӯдакони ятим туҳфаҳои идона тақдим доштанд.