ТВТ.04.07.2022. Шӯрои иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) ба манфиати варзишгарон ва ҷомеи бокс қарор қабул кард, ки мусобиқаҳои интихобии бокс ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 таҳти салоҳияти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) баргузор нахоҳанд шуд. Дар ин бор ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Қарор ба варзишгарон ва зарурати таъмини одилонаи мусобиқоти олимпӣ, ки ба Париж-2024 мебаранд, нигаронида шудааст. Он масъалаҳои давомдор ва хеле муҳими IBA, аз қабили идоракунии созмон, системаи доварӣ ва ҳакамиро пайгирӣ мекунад.
Маъмурияти КБО тарзҳои алтернативии ташкили мусобиқаҳои боксро дар ҳамкории зич бо Кумитаи тадорукоти Париж-2024 ва намояндагони варзишгарон таҳия мекунад. Натиҷаи муҳокимаҳо ва тавсияҳо ба Шӯрои иҷроияи КБО пешниҳод карда мешаванд.
Ба барномаи варзишии Бозиҳои олимпии Лос-Анҷелес-2028 ворид шудан ё нашудани бокс дар марҳилаи баъдӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Суди ҳакамии варзиш (CAS) 14 июни соли 2022 эълон кард, ки қарори Шӯъбаи пешбарии муваққатии IBA, ки номзад ба президентӣ Борис ван дер Ворст ва се номзади дигарро як рӯз пеш аз интихоботи банақшагирифташудаи IBA номуносиб донистааст, бекор шуд. CAS дархостро қабул кард, ки онҳо ҳамчун номзадҳои мувофиқ барқарор карда шаванд. Гузашта аз ин, CAS изҳор дошт, ки Умар Кремлев ба қоидавайронкуниҳо роҳ додааст, аммо ба ҳайси номзади ягона ба интихобот пазируфта шудааст.
Ёдрас мешавем, ки пас аз тафтишот ва гузориши Кумитаи тафтишоти КБО дар соли 2019, эътирофи Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (он вақт AIBA номида мешуд) аз ҷониби КБО боздошта шуд. Ин таваққуф то имрӯз эътибор дорад. Пас аз таваққуф, КБО Гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дод, ки барои гузаронидани мусобиқаҳои интихобии бокс ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 салоҳият дошт. Бо роҳбарии узви КБО, президенти Федератсияи байналмилалии гимнастика (FIG) Моринари Ватанабе гурӯҳ роҳи равшан, одилона ва шаффофро барои муштзанҳо ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 пешниҳод кард ва ҳам дар Бозиҳои олимпии Токио рақобати одилонаро таъмин намуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»