31 июл дар шаҳри Хуҷанд автобусҳои замонавии истеҳсоли Федератсияи Россия, ки чанде пеш ворид карда шуда буданд, ба фаъолият шурӯъ хоҳанд кард. Дар ин бора зимни нишасти хабарии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода шуд.
Ба иттилои мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд, раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода зикр кард, ки ин автобусҳо дар доираи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд амалӣ гардида, дар маҷмӯъ 100 адад автобус бояд ворид гардад.
Зикр гардид, ки чанде пеш 25 автобус ворид карда шуда, 75 адади дигараш то охири моҳи сентябри соли ҷорӣ тариқи роҳи оҳан ба Хуҷанд оварда мешавад. Автобусҳои воридкардашуда ҷавобгӯи талаботи замони муосир буда, ҳаҷми ғунҷоиши он 70 мусофирро дорад.
Ҳамзамон дар робита ба мушкилоти таъминоти аҳолии маҳаллаҳои навбунёд бо хатти барқ ва оби нушокӣ гуфта шуд, ки то охири соли оянда ин маҳаллаҳо низ бо оби сойи мавзеи чашмаи Деҳмой ва хаттӣ барқ таъмин мегарданд.
Вобаста ба масъалаи бунёди коргоҳҳои наву сохтмонии иншооти иҷтимоиву рафти корҳои ободонӣ зикр гардид, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон дар қаламрави шаҳри Хуҷанд 7 коргоҳи нави истеҳсолӣ, 12 иншооти маданию маишӣ, истиқоматию коммуналӣ ва 6 иншооти варзишӣ бунёд гардида, зиёда аз 17 км роҳҳо низ асфалтпӯш карда шудаанд.
Дар самти робитаҳои фарҳангӣ бошад, имрӯз шаҳри Хуҷанд бо 9 шаҳри ИДМ ва хориҷи дур ҳамкории бародаршаҳрӣ дошта, бо 38 мамолики хориҷӣ ҳамкории дуҷонибаи иқтисодиро ба роҳ мондааст. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 156,0 млн. доллари америкоӣ расидааст. Дар ин давра дар самти рушди соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти шаҳр дар ҳаҷми умумии 13,5 млн. доллари америкоӣ сармоягузорӣ ҷалб гардидааст.
Доир ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ М. Муҳаммадзода зикр намуд, ки дар ин самт низ чораҳои амалӣ андешида шуда истода, имрӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд барои қабули меҳмонон 5 ширкати сайёҳӣ, 13 меҳмонхона, 3 хатсайри дохилии сайёҳӣ, 32 ёдгории таърихӣ, 3 ёдгории археологӣ, 25 ёдгории шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат таъсис дода шуда, танҳо дар шашмоҳаи аввали соли равон аз Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» 45 682 нафар боздид намудаанд, ки аз ин шумора 1236 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
АМИТ«Ховар»