Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ, воқеъ дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» муҷассамаи қаҳрамонҳои филми машҳури «Ман бо духтаре вохӯрдам» гузошта шуд.
Тавре аз маъмурияти Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» иттилоъ доданд, муҷассамаи қаҳрамонҳои филми машҳур рамзи мулоқоти дилдодагон буда, ба маркази дӯстдоштаи ҷавонон табдил хоҳад ёфт. Ин дар Соли ҷавонон як навъ туҳфаи хуб ба сокинону меҳмонони ин шаҳри бостонӣ мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи муҷассама намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, меҳмонон ва сокинони шаҳри Хуҷанд ширкат намуданд.
АМИТ «Ховар»