Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар назди Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» -и шаҳри Кӯлоб курсҳои кутоҳмуддати семоҳа, аз ҷумла, дузандагӣ, зардузӣ, қӯроқдузӣ, атласбофӣ, кашидадузӣ, курпачадузӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ, ки хоси занону модарони тоҷик аст, ба роҳ монда шудааст.
Тавре директори ин муассиса Бурихон Тағоев иброз дошт, мақсад аз ташкил ва ба роҳ мондани курсҳои кутоҳмуддат, пеш аз ҳама, ҷалби ҷавонондухтарон ва занони хонашин ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
«Алҳол дар муассиса 12 адад мошинаи дарздузӣ мавҷуд аст. Мо ба масъалаи рушди базаи моддию техникии марказ диққати зарурӣ дода, бо дастгирии Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» бо ду адад дастгоҳи адрасбофӣ таъмин гардидем. Хамчунин барои ҷавонони касбомӯз дар устохонаи таъмири автомобилҳо тамоми шароитҳои замонавӣ муҳайё гардидааст»,-гуфт Б.Тағоев.
Ёдовар мешавем, ки маркази мазкур тибқи иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ фаъолиятро ба роҳ монда, аз рӯи 32 ихтисос иҷозати ташкил ва гузаронидани курсҳои кутоҳмуддати касбомӯзиро доро мебошад. Бо мақсади ташкил ва ба роҳ мондани касбомӯзӣ ва шаҳодатномакунони Маркази номбурда, шартномаи ҳамкориро бо ташкилотҳои ҷамъиятии «Заршедабону» ва «Накӯкор» ба роҳ монда, дар соли сипаригардида ба 340 шаҳрванд сертификати тахассусӣ додааст.
АМИТ "Ховар"