Дар Қубодиён сохтмони бузургтарин корхонаи истеҳсоли семент дар Тоҷикистон оғоз ёфт

 Дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон маросими оғози расмии сохтмони бузургтарин корхонаи истеҳсоли семент дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Муовини  раиси  ноҳияи  Қубодиён  Алиҷон  Тоҷиев тариқи  телефон  иттилоъ  дод, ки ин корхона аз сӯйи Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест», ширкати зертобеи «Ориёнбонк» бо ҷалби 160 миллион доллар сармояи хориҷӣ бунёд мешавад.

Дар маросим раиси ноҳияи Қубодиён Зафар Файзуллозода, директори генералии ШИИ «Ориён Инвест» Саидисматулло Валиев, раиси ширкати чинии «Хенан Чжун — Я Гурӯҳи холдингӣ» Сонг Вэй, намояндагони мақомоти вилояти Хатлон ва намояндагони ширкати чинии «Sinoma» иштирок намуданд.

Зимни маросим гуфта шуд, ки бунёди корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Қубодиён, қабл аз ҳама, бо ҳадафи ҷалби сармояи хориҷӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ роҳандозӣ гардидааст.

Инчунин дар заминаи бунёди корхонаи истеҳсоли семент ҷалби 160 млн доллар сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳайё сохтани 1,5 ҳазор ҷойи нави корӣ пешбинӣ шудааст. Ин  бузургтарин лоиҳаи сармоягузоришаванда дар минтақа ба ҳисоб рафта, барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми ноҳияи Қубодиён ва даромад ба буҷети маҳаллӣ мусоидат мекунад.

Ба гуфтаи С.Валиев, дар ҳолати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан корхона имкон  пайдо мекунад, ки дар як сол 2 миллион тонна сементи баландсифат истеҳсол намояд.

«Корхонаи мазкур аз ҷиҳати экологӣ бехатар хоҳад буд, зеро техникаву таҷҳизоти замонавие, ки дар он насб мешаванд, чангу дудро ба фазо партоб намекунанд, балки онҳоро барои коркарди дубора интиқол медиҳанд»,-гуфт С.Валиев.

Аз рӯйи баҳогузории мутахассисон, сементе, ки дар ин корхона истеҳсол мешавад, барои истифода дар иншооти ҳаётан муҳиму стратегӣ, аз қабили сарбанди неругоҳҳо, биноҳои баландошёна ва ғайра хеле мувофиқ хоҳад буд.

Тибқи нақша, дар оянда дар заминаи корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Қубодиён бунёди якчанд корхонаи дигари истеҳсолӣ ва ҳамзамон сохтмони биноҳои маъмуриву истиқоматӣ дар назар гирифта шудааст.

Иқтидори истеҳсолии ин корхона дар як шабонарӯз 3000 тонна сементи навъи М-400 ва 3000 тонна навъи ба сулфаттобовар, дар маҷмӯъ, 6 ҳазор тонна сементи баландсифат арзёбӣ шуда, баъди ба фаъолият оғоз карданаш он бузургтарин корхонаи истеҳсоли семент дар Тоҷикистон мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Ширкати чинии «Хенан Чжун-Я Гурӯҳи холдингӣ», ки сармоягузории ин корхонаро ба уҳда гирифтааст, ҳоло дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ба таҷдид ва навсозии ҶСК «Азот» машғул аст.

АМИТ "Ховар"