Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан 12 октябр дар Душанбе баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба, роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ баҳри такмил ва татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ, амният, мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.
Дар мулоқот Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Сафир Хидайет Бишчевич, мутасаддии Тоҷикистон дар Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо Роланд Хонекамп ва мушовири сиёсии Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Раймондс Вингрис низ ҳузур доштанд.
АМИТ «Ховар»