ХАБАРИ ХУШ! Ояндаи наздик харбузаи хушки Тоҷикистон дар бозори байналмилалии хушкмеваҳо пайдо мешавад

Комиссияи аврупоии иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид (КАИ СММ) бори аввал меъёрҳои сифати харбузаи хушкро тасдиқ кард. Дар ояндаи наздик хӯрдании лазизе, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ маъмул аст, ба номгӯи бозори байналмилалии хушкмеваҳо шомил мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ хабар медиҳад.

Ҳамасола дар ҷаҳон беш аз нуҳ миллион тонна харбуза истеҳсол мегардад. Қисми зиёди ҳосил тару тоза ба фурӯш бароварда мешавад. Дар авҷи мавсим бозорҳои маҳаллӣ, хусусан бозорҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз навъҳои гуногуни ин мева пур мешаванд. Дар тирамоҳ, зимистон ва баҳор, деҳконон харбузаи хушккардашудаи маҳаллиро ба фурӯш мебароранд. Аммо, он ниҳоят кам содирот карда мешавад.

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар ин мавсим дар кишвар ҳосили харбуза фаровон буд. Дар натиҷа нархи тарбузу харбуза тақрибан 100 дарсад коҳиш ёфт. Вале, ин маҳсулоти анъанавии Осиёи Марказӣ дар бозори байналмилалии хушкмеваҳо қариб вуҷуд надорад.

Тавре маълум аст, тарбузу харбуза ҳазорҳо сол пеш маҳз дар Осиёи Миёна пайдо шуда будаанд. Аз ин рӯ, навъҳои лазизтарин ва муфидтарини ин меваҳо то ҳол дар ин ҷо парвариш меёбанд. Тобистон ва тирамоҳ дар бозори яклухт дар канори Хуҷанд метавон садҳо мошинҳои гуногун, алахусус мошинҳои боркаши пур аз тарбузу харбузаро мушоҳида кард.

СММ таваҷҷуҳи деҳқонони маҳаллиро ба он ҷалб менамояд, ки онҳо метавонанд тавассути содироти харбузаи хушк даромади худро афзун гардонанд. Барои ин онҳоро мебояд сифати ин маҳсулотро беҳтар кунанд.

Харбузаҳои хушк, гарчанде ки на ҳама навъҳои он барои хушконидан мувофиқанд, қисми зиёди ғизоӣ ва витаминҳои худро нигоҳ медоранд. Ин меваи хушк метавонад маҳсулоти нави содиротии давлатҳои Осиёи Марказӣ гардад.

Бо мақсади вусъат додани савдои харбузаи хушк ва ба бозорҳои нави содиротӣ баровардани деҳқонон Комиссияи аврупоӣ бори аввал меъёрҳои байналмиллалии сифати харбузаи хушкро тасдиқ кард.  Ин меъёрҳо  бо дастгирии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ва Гурӯҳи кории Осиёи Марказӣ оид ба меъёрҳои сифат таҳия гардиданд. Ба ин гурӯҳ мутахассисон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон шомил мебошанд.

Беҳтар намудани сифати харбузаи хушк дар кишварҳои истеҳсолкунанда ва таҳияи меъёрҳои байналмилалии ин маҳсулот барои дар бозорҳои содиротии ҷаҳон пайдо шудани он мусоидат хоҳад кард.

Аксарияти деҳқонони маҳаллии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо истифода аз усулҳои анъанавӣ харбузаҳои тару тозаро дар офтоб хушк мекунанд. КАИ СММ бар бовар аст, ки гузариш ба таҷҳизоти муосир ва таъсиси корхонаҳои хурд дар маҳалҳо ба афзоиши ҳаҷми маҳсулот ва коҳиши муҳлати хушккунӣ мусоидат менамоянд. Илова бар ин, чунин равиш имкониятҳои шуғли расмиро, аз ҷумла барои занон тавсеа мебахшад.

АМИТ «Ховар»

Tags: