ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон шумораи беморони аз коронавирус шифоёфта ба 1417 нафар расид

ДАР АКС: ҷараёни рухсат шудани шаҳрвандон пас аз шифо ёфтан аз беморхона. АКС аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

То соати 17:30 дақиқаи 26 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3266 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1417 нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамоншумораи ҳолатҳои фавт аз ин беморӣ 1 нафар зиёд шуда, 47 кас мебошадДар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, то 26 май дар мамлакат 2588 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 436 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шуда, ба табобати беморон машғуланд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодаанд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

АМИТ «Ховар»

Tags: