Густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Фаронса дар Париж баррасӣ гардиданд

10 ноябр дар шаҳри Париж мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо мушовири Президенти Фаронса оид ба Аврупои континенталӣ ва Туркия  Изабел Дюмон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусоҳибон роҷеъ ба масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса, хусусан дар партави натиҷаҳои сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса дар санаи 12-14 октябри соли 2021 табодули  афкор намуданд. Дар ин робита, раванди созандаву пайгиронаи муколамаи сатҳи олии ду кишвар баланд арзёбӣ гардид.

Дар фарҷоми мулоқот ҳавасмандии ҳарду ҷониб ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Фаронса иброз карда шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: