Ба 96 нафар донишҷӯёни ятим ва маъюб кумакпулӣ дода мешавад

Расонидани кумакпулии яквақтаина ба 96 нафар донишҷӯёни ятими кулл ва маъюби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар пленуми чоруми Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар кори пленум беш аз 40 нафар аъзои раёсати он аз тамоми шаҳру ноҳияҳои манотиқи кишвар иштирок ва як зумра масъалаҳоро баррасӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки яке аз масъалаҳои муҳим- ин додани кумакпулӣ ба донишҷӯёни ятим буд, ки аз ҷониби раёсат ва аъзои пленум тасдиқ шуд. Минбаъд ба онҳо дар ҳаҷми 400 сомонӣ ба ҳар як нафар ёрӣ расонида мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: