Дар бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон, ки 19 июл доир гардид, даври сергол ба қайд гирифта шуд. Дар панҷ бозӣ 49 гол зада шуд, ки ба як бозӣ 9,8 гол рост меояд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Аз панҷ бозӣ дар сетоаш ҳисоби калон ба қайд гирифта шуд. Дастаҳои футболи «Хатлон» бар дастаи «Панҷшер» бо ҳисоби 17:1, «Зебонисо» ба дастаи «Равшан» бо натиҷаи калони 18:0 ва «Зебо» бар дастаи «Чашма» бо ҳисоби 11:0 ғолиб омаданд
Дар бозиҳои дигари ин давр дастаи футболи «Барқ» бар дастаи «Ҳосилот» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, бозӣ миёни дастаҳои футболи «Бешкент» ва «Регар-ТадАЗ» бо натиҷаи мусовӣ — 0:0 анҷом ёфт.
Ёдовар мешвем, ки 15 июл бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон баргузор гардида буданд. Бозии марказии давр миёни ду дастаи пешсаф –«Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Зебо»-и Дӯстӣ доир гашта, бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом ёфт.
Бозии дастаҳои мазкур хеле ҷолибу шавқовар сурат гирифт. Футболбозони шаҳри Бохтар баъд аз зарбаҳои нишонраси Сайрамҷон Холназарова ва Лайло Ҳалимова бо ҳисоби 2:0 пешсаф буданд, вале натавонистанд ғолиб оянд. Ду голи Меҳрангез Шарифова дастаи «Зебо»-и Дӯстиро аз бохт наҷот дод. Дар бозиҳои дигар дастаҳои футболи «Зебонисо»-и Душанбе бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 4:0, «Бешкент»-и Носири Хусрав бар «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ бо натиҷаи калон- 7:1, «Ҳосилот»-и Фархор бар «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 1:0 ва «Барқ»-и шаҳри Норак бар «Чашма»-и Шаҳритус бо натиҷаи 2:1 ғалаба карданд.
Пас аз натиҷагирии панҷ даври бозиҳо дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон дастаҳои футболи «Зебо» ва «Хатлон» бо 13-холӣ пешсафанд. Дар ҷои сеюм дастаи футболи «Зебонисо» бо 12 хол мавқеъ гирифтааст.
Дар даври шашум 22 июл ҷуфтҳои зерин бо ҳам вомехӯранд:
«Хатлон» – «Чашма»
«Ҳосилот» – «Зебо»
«Зебонисо» – «Барқ»
«Бешкент» – «Равшан»
«Панҷшер» – «Регар-ТадАЗ»
АМИТ «Ховар»