Дар шаҳри Ҳамбург ҳамоиши шашуми иқтисодӣ-фарҳангии «Наврӯз» бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар Ҳамбург баргузор гардид.
ҳамоиши имсола ба 25-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Олмон бахшида шуд. Дар ҳамоиш, ки анъанавӣ гардидааст, доираҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, роҳбарони ширкатҳо ва корхонаҳо, инчунин доираҳои фарҳангӣ ва рӯзноманигорон иштирок намуданд. Ҳамоишро Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов ҳусни оғоз бахшид.
Дар рафти кори ҳамоиш Консули фахрии Тоҷикистон дар Ҳамбург Куруши Пуркиён, роҳбари Раёсати Осиёи Марказии Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Эдуард Кинсбрунер, роҳбари намояндагии Бонки рушди Олмон дар Тоҷикистон Кристин Лаабс, намояндаи КВД «Тоҷинвест» Ҳанс Зиегерт ва роҳбари ширкати боркашонӣ Азгарил Мангал оид ба ҳамкорӣ ва имконоту захираҳои иқтисодии Тоҷикистон барои сармоягузорӣ сухан ронданд.
Дар доираи кори ҳамоиш Сафорати Тоҷикистон гӯшаи фарҳангӣ созмон дода, маводи зиёди ташвиқотӣ ва тарғиботӣ, инчунин сармоягузориро пешниҳоди иштирокчиён намуд.
Дар бахши фарҳангии Ҳамоиши иқтисодӣ-фарҳангии «Наврӯз» оҳангсоз ва сарояндаи шинохта Фахриддини Малик бо сурудҳояш хотири ҳозиринро шод намуд.
АМИТ «Ховар»