23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш ҳамчунин аз ҳолати истифодаи замини наздиҳавлигии бародарон Собирҷон ва Олим Баротзодаҳо дидан намуданд.
Масоҳати замини наздиҳавлигии бародарон Баротзодаҳо 8 садякро дар бар мегирад ва дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат дар самти гирифтани ҳосили фаровон аз қитъаҳои корам ҳамаи он пурсамар истифода гардидааст.
Дар замини наздиҳавлигии бародарон ҳамасола анвои гуногуни зироати кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг, сабзӣ, картошкаву пиёз, шалғам, турб, карам, қаламфури булғорӣ, лӯбиёгӣ ва ғайра кишту парвариш карда мешаванд.
Баротзодаҳо бо истифода аз маданияти баланди заминдорӣ аз қитъаи наздиҳавлигии хеш ҳамасола ду — се ҳосил гирифта, дар баробари таъмини эҳтиёҷоти оила ба қадри кофӣ маҳсулот захира мекунанд ва ба бозор низ мебароранд.
Ҳоло баъди гирифтани ҳосили якум ва дуюм бародарон кишти тирамоҳии зироатро ба роҳ монданд, ки нашъунамои хуб дорад.
Пешвои муаззами миллат ба хонаводаи Баротзодаҳо, ки ҳамчун оилаи ҷавон ва намунавӣ дар ноҳияи Вахш ба шумор меравад, барои истифодаи самараноки замин ва ба ин восита дастгирӣ намудани сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, ба бародарон ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли анвои гуногуни маҳсулот дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоиши маҳсули заҳмати бародарон ва захираи маводи озуқаи ин оила дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола бонувони ин хонавода аз ҳосили замини наздиҳавлигии худ ва боғоти он маҷмӯи гуногуни хӯрданиҳо, аз ҷумла мураббо, шарбати мева ва намудҳои гуногуни хӯришҳо омода ва захира менамоянд.
Захираи картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ ва дигар намуди лӯбиёгиҳо дар ин оила низ аз замини наздиҳавлигӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли оилаи Баротзодаҳо суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро ба истифодаи оқилонаву самараноки ҳар порча замин ва рӯёнидани ду — се ҳосил ҳидоят намуданд.
Ба ин оилаи намунавӣ дар шаҳраки Вахш барои дастгирӣ аз сиёсати Ҳукумати мамлакат дар самти истифодаи самараноки замин туҳфаҳои Пешвои миллат тақдим карда шуд.
Дар ҳамин ноҳия сокинони кӯчаи ба номи Хайриддин Давлатови шаҳраки Вахш ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти нонӣ ва захираи маводи хӯрокворӣ ба намоиш гузоштанд.
Тавре маълум гардид, сокинони ноҳия заминҳои дар ихтиёрдоштаро пурсамару мақсаднок истифода мекунанд ва дар роҳи таъмини амнияти озуқаворӣ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мебаранд.
АМИТ «Ховар»