ФУТБОЛ: Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2022 муайян гардид

Сармураббии  дастаи   мунтахаби  Тоҷикистон  оид  ба футбол    Усмон Тошев ҳайати  дастаи  мунтахаби мамлакатро дар ду бозии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба муқобили дастаҳои мунтахаби  Қирғизистон  (5 сентябр,  Душанбе)  ва Муғулистон (10 сентябр, Улан-Батор) эълон кард. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Федератсияи  футболи Тоҷикистон хабар  доданд.  

Тибқи иттилои манбаъ,  барои омодагӣ ба марҳилаи муқаддамотии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 25 футболбоз – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар ҷалб шуданд. Инчунин ба ҳайати дастаи миллии мамлакат чор легионери ҳамлагар — Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА» — Индонезия), нимҳимоятгарон — Парвизҷон Умарбоев («Локомотив» Пловдив — Булғористон), Амирбек Ҷурабоев («Навбаҳор» — Ӯзбекистон) ва Манучеҳр Ҷалилов («Персебая»- Индонезия) даъват шуданд.

Дастаи  мунтахаби Тоҷикистон омодагии хешро барои бозиҳои муқаддамотии ҶҶ-2022 28 август оғоз мекунад. Бозингарони ин даста  бозии нахустини худро дар марҳилаи муқаддамотии ҶҶ-2022 дар гурӯҳи «F» бар зидди Қирғизистон 5 сентябр баргузор мекунанд. Оғози бозӣ соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ва арзиши чиптаҳо 10 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳои интихобии ҶҶ-2022:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Памир»), Дилшод Додобоев («Истаравшан»);

Ҳимоятгарон: Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), Давронҷон Эргашев («Хуҷанд»), Манучеҳр Сафаров («Хуҷанд»), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷурабоев (ҳама – «Истиқлол»), Сиёвуш Асроров (бе даста);

Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Амирбек Ҷурабоев («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (ҳама – «Истиқлол»), Кароматулло Саидов, Отабек Каримов (ҳарду – «Кӯктош»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА «Помир»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов («Персебая», Индонезия), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳарду – «Истиқлол»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев.

АМИТ «Ховар»

Tags: