Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон: «Ҳамкориҳои илмӣ бо Ӯзбекистон густариш меёбанд»

Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, донишмандони тоҷику ӯзбек тавофуқ карданд, ки ҳамкориҳои илмӣ – тадқиқотӣ миёни ду кишварро густариш диҳанд.

Фарҳод Раҳимӣ рӯзи 7 август зимни натиҷагирии сафари ҳайати фарҳангиёну донишмандони тоҷик ба Ӯзбекистон дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Хуршед Ҳамдам гуфт: «Боиси хушҳолист, ки теъдоде аз донишмандони тоҷик дар Ҳайати дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар карда, бо ҳамтоёни ӯзбеки худ роҷеъ ба дурнамои ҳамкориҳои илмӣ – тадқиқотӣ суҳбат намуданд».

Ба гуфтаи Ф. Раҳимӣ, донишмандони тоҷику ӯзбек самтҳои нави ҳамкориҳои илмӣ – тадқиқотиро баррасӣ ва мувофиқа намудаанд

Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, олимони тоҷику ӯзбек метавонанд дар робита ба тағйирёбии иқлим, тағйирёбии олами набототу ҳайвонот ва дигар самтҳо бо ҳам ҳамкории муштарак дошта бошанд.

Фарҳод Раҳимӣ изҳор дошт, ки дар оянда миёни Акадеияҳои илмҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасад.

Зимнан, тибқи иттилои Фарҳод Раҳимӣ, олимони тоҷику ӯзбек дар даврони шуравӣ ҳамкории муштарак, аз ҷумла дар чорчӯбаи лоиҳаҳои илмӣ – тадқиқотӣ доштанд ва умед аст, ки ин ҳамкориҳо дубора густариш ва тақвият меёбанд.

АМИТ "Ховар"

Tags: