ФУТБОЛ: «Хуҷанд» бо дастаи «Локомотив» -и Ӯзбекистон бозии дӯстона анҷом дод

Дастаи футболи  «Хуҷанд»- и Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО-2020   бо  дастаи «Локомотив»-и Ӯзбекистон бозии дӯстона доир кард. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.  

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин рақобат футболбозони тоҷик бо натиҷаи 3:0 мағлуб  шуданд. Ёдовар мешавем, ки якчанд рӯз пеш дар доираи марҳилаи муқаддамотии Лигаи чемпионҳо дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дастаи «Локомотив»-и Ӯзбекистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд.

«Локомотив» (Ӯзбекистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) – 3:0.
Голҳо: Марат Бикмаев, 15 (1:0), Кирил Погребняк, 33 (2:0), Темурхоҷа Абдухолиқов, 56 (3:0).

«Хуҷанд» (Тоҷикистон): Мамир Икромов, Сироҷ Ҳамроев, Алишер Баротов, Абдуғаффоров Ойбек, Чақалов Фирдавс, Комрони Мирзонажод, Бахтиёр Чориев, Аҳрор Умарҷонов, Фатҳулло Фатхуллоев, Саидхоҷа Муҳаммадшариф, Бозоров Дилшод.

АМИТ «Ховар»

Tags: