Филми кӯтоҳи «Дӯғоб»-и коргардон Зайнулобиддин Мӯсо дар Кинофестивали «Қирғизистон-мамлакати филмҳои кӯтоҳ» иштирок менамояд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар фестивали мазкур миёни 14 асар Тоҷикистонро филми «Дӯғоб» намояндагӣ мекунад.
Ҳар сол аз 12 то 15 декабр Кинофестивали «Қирғизистон- мамлакати филмҳои кӯтоҳ» кинематографистони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Балтика ва Гурҷистонро дар шаҳри Бишкек- пойтахти Қирғизистон ба ҳам меорад. Фестивали мазкур ҳамасола ба поси хотири нависандаи маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов бахшида мешавад.
Ин сеюмин фестивал аст, ки филми кӯтоҳи «Дӯғоб»-и коргардони тоҷик Зайнулобиддин Мӯсо баъди кинофестивалҳои «Само» ва «Лолаи тиллоӣ» дар он иштирок мекунад.
АМИТ «Ховар»