Фестивали «Диёри ҳусн» ҳунармандон ва тарроҳони бомаҳорати Осиёи Марказиро ҷамъ меорад

Аз 23 то 25 ноябр дар шаҳри Душанбе Фестивали 13-уми байналмилалии ҳунар ва мӯди «Диёри ҳусн» баргузор мегардад. Дар ин бора Раиси Бунёди байналмилалии ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон — «Ҳафт пайкар» ва Ассотсиатсияи ҳунармандони Осиёи Марказӣ, ҳунарманд ва тарроҳ Мукаррама Қаюмова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба гуфтаи мавсуф, дар фестивали мазкур ҳунармандони чирадаст ва тарроҳони бомаҳорат аз давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок менамоянд.

Дар назар аст, ки «Диёри ҳусн» дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» баргузор шавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: