Федератсияи футболи Тоҷикистон ба футболбозони навраси шаҳри Хоруғ лавозимоти варзишӣ туҳфа кард

Футболбозони навраси шаҳри Хоруғ дар остонаи ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон туҳфаи арзишманд гирифтанд.

Раиси Федератсияи футболи вилоят Аноятшо Султоншоев гуфт, ки «дар ин рӯзҳо мо ба мусобиқаи шаҳрӣ аз намуди футболи хурд байни кӯдакону наврасон бахшида ба ҷашни истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мебинем. Чунин кумак воқеан хеле саривақтист ва футболбозони наврасро хеле хушҳол кард. Ба ҷуз ин бо дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва шахсан раиси он Рустами Эмомалӣ дар ду соли охир дар шаҳри мо ду майдончаи муосири футбол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Баъд аз ин теъдоди ҳам футболбозони наврас  ва ҳам мухлисони ин бозии дӯстдоштанӣ ба маротиб афзуд. Инро ба назар гирифта, Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ояндаи наздик дар шаҳр боз ду майдончаи футбол бунёд намояд».

Кумаки  Федератсияи футболи Тоҷикистон аз тӯру тӯби футбол ва дигар лавозимоти варзишӣ барои футболбозони наврас иборат буда, байни дастаҳои футболи маҳаллаҳои шаҳр тақсим карда шуд.

Дар айни замон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят сохтмони се майдончаи муосири варзишӣ идома дорад, ки дар арафаи ҷашни истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода хоҳанд шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: