Бори аввал дар Тоҷикистон Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор мегардад

ТВТ. 28.06.2022. Аз 1 то 7 июл бори аввал дар Тоҷикистон Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор мегардад, иттилоъ дод сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода ба АМИТ «Ховар».

24 июн дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри  Душанбе ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» баргузор гардид, ки дар он ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани олимпиадаи мазкур  ба масъулин ва шахсони вобасташуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022», ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад 27 дастаҳои олимпии наврасон бо шумораи 158 нафар хонандагон ва 28 мураббӣ аз давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Белорус, Афғонистон, Туркманистон ва Федератсияи Русия иштирок менамоянд. Инчунин хонандагон аз давлатҳои Озарбойҷон, Муғулистон, Ҳиндустон, Шри-ланка, Хитой, Сурия ва Куба бо теъдоди 20 даста, ки шумораи онҳо 134 нафарро ташкил медиҳанд ба тариқи фосилавӣ дар олимпиадаи мазкур ширкат меварзанд.

Ёдовар мешавем, ки барои баргузории олимпиадаи мазкур Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 9 феврали соли 2022 «Дар бораи баргузории Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» ба тавсиб расидааст.

Ҳадаф аз баргузории он амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самт ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд, мебошад.

Хотиррасон  мешавем, ки аз 1 то 10 июли соли 2021 аз ҷониби Федератсияи Русия  Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior» баргузор гардид, ки хонандагони муассисаҳои  таълимии  шаҳри Душанбе  тариқи фомсилавӣ иштирок намуда сазовори ҷойҳои 2 ва  3  гардиданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: