«КОМРОНШОҲ АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МИННАТДОР АСТ». Бо супориши Сарвари давлат Сафири Тоҷикистон дар Япония ба аёдати паҳлавони номдор рафт

Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Сафири Тоҷикистон дар Япония Ҳамроҳхон Зарифӣ аз паҳлавони шинохта Комроншоҳи Устопириён, ки баъди лат хӯрданаш дар мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург” дар Токио табобат мегирифт, аёдат кардааст. Комроншоҳ, ки ҳафтаи гузашта дар ин мусобиқа қабурғаҳояш шикаст, табобатшро акнун дар Германия идома медиҳад.

Усто Устопириён, мураббии шинохта ва падари паҳлавони маъруф Комроншоҳи Устопириён тавассути гурӯи «Варзиши тоҷик” дар Фейсбук хабар дод, ки Комроншоҳ аз Токио ба Москва омада, барои идомаи табобати қабурғаҳояш ба Германия меравад.

Комроншоҳи Устопириён чанд рӯз пеш дар мусобиқаи гуштии дзюдо аз силсилаи Ҷоми «Тоскӯлоҳи бузург” дар Токио дар набард бо рақиби япониаш лат хӯрд ва чанд рӯз дар пойтахти Япония табобат гирифт.

Усто Устопириён навиштааст, ки дар Токио сафири Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ низ ба аёдати писари латхӯрдааш омадааст. Ӯ чунин нигоштааст:

“Маълум аст, ки писари банда Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург” оид ба дзюдо дар Токиои Япония маҷруҳ шуд ва дигар сабқатҳоро идома дода натавонист. Хушбахтона, бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар кишвари Япония ҷаноби Ҳамрохон Зарифӣ бо профессори тоҷики Донишгоҳи варзишии Токио Зайдулло Убайдуллоев Комроншоҳро аёдат ва барои табобаташ мусоидат карданд.
Тавре Комроншоҳ ба ман гуфт, ӯ ифтихор дорад, ки дасти мадад ва ҳимояти Ҳукумати Тоҷикистон ба тоҷикон дар ҳамаи гӯшаву канори ҷаҳон мерасад. Хоҳиш кард, ки миннатдории самимияшро ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сафири Тоҷикистон дар Япония ҷаноби Ҳамрохон Зарифӣ бирасонам.

Алҳол Комроншоҳ аз Токио ба Москва омада, нияти парвоз ба  Германияро дорад. Дар беҳтарин шифогоҳҳои он кишвар қабурғаҳои шикастаашро ба зудӣ табобат хоҳанд кард, ки дар ин кор ҳам дасти шафоати Ҳукумати кишварро болои сари худ эҳсос мекунад. Иншооллоҳ, Комроншоҳ дар мусобиқоти ҷаҳонӣ дар соли 2018 фаъолона ширкат хоҳад кард ва на як бору ду бор Парчами кишвари бузургамонро баланд хоҳад бардошт.

                                                  Усто УСТОПИРИЁН,

                                                                         Мураббии шоистаи Тоҷикистон,

                                                                          Довари дараҷаи байналмилалӣ»

АМИТ "Ховар"

Tags: