Фархор: Дар мавзеъҳои осебпазири соҳили дарёҳои Панҷ ва Сурхоб корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд

Дар ноҳияи Фархор барои пешгирии хавфи офатҳои табиӣ бо истифода аз механизмҳои зарурӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо вусъат идома дошта,   то баланд шудани сатҳи оби дарёи Панҷу Сурхоб ва омадани селҳои мавсимӣ бояд  қисматҳои осебпазир бо гузаронидани корҳои заминӣ, гузоштани тахтасангҳо ва сохтани садду обгардонҳо аз нав барқарор карда шаванд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти раиси ноҳия.

 Дар ин мавзеи соҳили дарёи Сурхоб, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ватан баъди барқарорсозии қисмати осебпазири соҳил канали обрасонӣ барқарор ва қариб 300 гектар заминҳои солҳо бекорхобида баробари анҷом додани ин тадбир ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешаванд.

Аз ҳисоби тағйир ёфтани маҷрои оби дарёи Сурхоб дар ҳудуди ду деҳа давоми чанд соли охир қисман заминҳои корами обии шафати соҳил шуста шудаанд. Баъд аз барқарорсозии қисмати осебпазири соҳил хавфи шусташавии ин заминҳо низ пешгирӣ карда мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: