Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, дар баландиҳои 3000 метр барф меборад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 3000 метр боридани барф дар назар аст.

Имрӯз, 7 май дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 3000 метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +11 +16 ва рӯзона +24 +29 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳаво тағйирёбандаи боронӣ шуда, баъзан дар баландиҳо барф меборад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +5 +10 ва рӯзона +18 +23 дараҷа гарм мешавад.

Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки боронӣ пешгӯӣ гардида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона +13 +18 ва рӯзона +26 +31 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ мегардад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +24 +26 дараҷа ва шабона +12 +14 дараҷа гарм хоҳад шуд.

АМИТ "Ховар"