Оҳангсози машҳури Тоҷикистону Канада, набераи бастакори шинохтаи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ- Фарангис Нуруллохоҷа соҳиби ҷоизаи тиллоии «Мусиқии ҷаҳонӣ» — (Global Music) гардид.
Ба иттилои манбаъ, Фарангис Нуруллохоҷа Ҷоизаи тиллоиро моҳи марти соли 2017 зимни баргузории як зумра консертҳои оркестри ҷаҳонии симфонӣ ба даст овардааст.
«Консертҳои Фарангис Нуруллохоҷа таҳти унвони «Абадияти лаҳза» дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла дар Россия, Шветсия ва Швейтсария мухлисони зиёде пайдо намудаанд ва ин боис гардид, ки муаллиф ба чунин дастовард ноил гардад»,- мегӯяд манбаъ.
Моҳи апрели соли равон асари мазкур ба ҳаводорони санъати мусиқии классикии шаҳри Ню-Йорк пешниҳод карда мешавад.
Фарангис Нуруллохоҷа дар шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, таҳсили худро аввал дар Консерваторияи Шветсия, баъдан дар Амрико ва Франсия идома додааст. Ӯ ҳоло дар Канада, дар шаҳраки назди Монреал зиндагӣ ва фаъолият дорад.
АМИТ «Ховар»