АМРИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.

2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳо ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ѓолибони озмун ва омӯзгорону падару модаронеро, ки шогирдону фарзандонашон дар даври ҷумҳуриявии озмун барандаи ҷоизаҳо шуданд, бо мукофоти моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣ намоянд.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2021 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани чорабинии мазкур 2 835 000 (ду миллиону ҳаштсаду сию панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.

6.  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдодашуда ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе
11 феврали соли 2021

Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии
«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Tags: