ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «ПИРОНИ РӮЗГОРДИДА ДАВЛАТИ САРИ МО МЕБОШАНД». Имрӯз дар саросари олам, аз ҷумла дар Тоҷикистон Рӯзи кӯҳансолон ҷашн гирифта мешавад

 1 октябр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии  кӯҳансолон (International Day of Older Persons)   таҷлил мегардад. Ин ид дар асоси Эъломияи Созмони Милали Муттаҳид, ки  14 декабри соли 1990 дар иҷлосияи 45-уми Ассамблеяи кулли  СММ қабул гардидааст, аз соли 1991 инҷониб дар  саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Дар Тоҷикистон  Рӯзи кӯҳансолон бори нахуст  бор соли 1993 ҷашн гирифта шуд. Он тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» таҷлил карда мешавад. Ҳадаф аз таҷлили ҷашни мазкур, пеш аз ҳама — ҷалб намудани диққати ҷомеа ба мушкилиҳои одамони куҳансол,  масъалаҳои пиршавии аҳолӣ ва ҳамчунин пайдо намудани имконот ҷиҳати беҳтар намудани сифати зиндагии нафақахӯрон мебошад.

Рӯзи байналмилалии кӯҳансолон имкон медиҳад, ки саҳми бузурги онҳо дар ҳаёти ҷомеа эътироф карда шавад. Ин имконот ақидаҳоро дар бораи куҳансолон ҳамчун одамони муҳтоҷ, камфаъол ва нолозим дигар мекунанд.

Сардори шуъбаи  таҳлили сиёсати  ҳифзи иҷтимоӣ ва кафолатҳои иҷтимоии давлатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соима Муҳаббатова   ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки дар мамлакат 92  муассисаи иҷтимоие мавҷуданд, ки бевосита ба масъалаҳои пиронсолон ва маъюбон сару кор доранд. Калонсолон ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеа созандагони фаъоли сарнавишт ҳастанд ва интизор намешаванд, ки мушкили онҳоро дигарон ҳал кунанд.

Мавсуф зикр намуд, ки пиронсол  гуфта шахсеро меноманд, ки ба синни нафақа расидааст. Ғайр аз ин, чун анъана давраи пиронсолӣ асосан аз синни 75 боло фаҳмида мешавад.

«Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  6 маркази минтақавиии хизматрасонии иҷтимоӣ, 41 шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбони  бекасу танҳо фаъолият мекунанд. Инчунин дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  бахшу шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии  аҳолӣ  фаъолият доранд, ки вазифаи асосии онҳо  ҳифзи иҷтимоии ин қишри аҳолӣ мебошад. Бар замми ин,  барои ин  қишри ҷомеа кумакҳои якдафъаина ва ҳармоҳаи унвонӣ  пешбинӣ шудаанд»,- иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Дар Тоҷикистон ҳуқуқи аҳолии калонсол тибқи моддаи 39-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя мешавад. Дар он омадааст, ки  ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад».

Тавре Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  яке аз  суханрониҳояшон дар ин маврид иброз дошта буданд, «пирони рӯзгордида ва дар обу оташи зиндагӣ обутобёфта давлати сари мо мебошанд. Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар ҳаққи онҳо, то тавонем, ғамхорӣ намоем. Фаромӯш набояд кард, ки баробари кумаку ғамхорӣ ба маъюбону пиронсолон ва оилаҳои камбизоат, мо ба наврасону ҷавонон ва наслҳои ояндаи миллат сабақи раҳму шафқат ва инсондӯстиву қадрдонӣ меомӯзем».

Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат дар навбати худ барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд. Ин нуктаро директори Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон  ва маъюбони  шаҳри Душанбе  Муҳаббат Зарипова дар суҳбат бо мо иброз дошт.

Ба гуфти ҳамсуҳбатамон, Маркази калонсолон соли 1992 аз ҷониби Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташкил гардидааст, ки аввалин маротиба танҳо 25 нафар шахсони дар ҷанги шаҳрвандӣ осебдидаро нигоҳубин менамуд. Инак дар даврони соҳибистиқлолии давлат шароит барои доираи васеи калонсолон бештару беҳтар гардид. Имрӯз он яке аз марказҳои беҳтарин дар ҷумҳурӣ мебошад, ки барои буду боши муваққатии пиронсолон, маъюбон, шахсони яккаву танҳо ва он  афроде, ки дар ҳолати  душвори зиндагӣ қарор доранд, махсус гардонида шудааст.

Мавсуф зикр намуд, ки дар Марказ ба шахсони пиронсол хизмати иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, равоншиносӣ ва  тиббӣ расонида мешавад. Инчунин дар ҳолати надоштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба онҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута кумак расонида, ҳуҷҷатҳои шахсии онҳо барқарор карда мешаванд.

Дар ҳолати зарурӣ онҳоро ба беморхона  хобонида,  табобат менамоем. Инчунин  онҳоро аз комиссияҳои махсус мегузаронем, ки ба онҳо гурӯҳи маъюбӣ медиҳанд  ва бо нафақа таъмин мешаванд. Баъди омода шудани  ҳуҷҷатҳо пиронсолон бо роҳхат барои буду боши доимӣ  ба хона–интернатҳое, ки дар шаҳрҳои Турсунзода, Панҷакент, ноҳияҳои Ёвон, Бохтар  ва вилояти Суғд фаъолият доранд,  фиристонида мешаванд. Онҳо дар хона-интернатҳо то охири умрашон зиндагӣ менамоянд»,-мегӯяд мавсуф.

Синни бошандагони Маркази калонсолон  аз 45  то 90-соларо ташкил медиҳад.

«Аз 24 апрели соли равон то ҳол дар Марказ барои эмин нигоҳ доштани саломатии бошандагон ҳолати карантинӣ ҷорӣ карда шудааст. Мо кӯшиш менамоем, ки бошандагони  Марказ –калонсолон яккаву танҳо будани худро эҳсос накунанд. Аз ин рӯ,  дар Марказ маҳфилҳои гуногун,  аз қабили «Дидор»,  маҳфили  дӯзандагӣ,   шоҳмотбозӣ, расонидани  ёрии аввалини тиббӣ-равонӣ ва китобхонӣ  амал мекунанд. Бо ташаббуси роҳбарони шаҳри Душанбе дар марказ ду сех- кафшергарӣ ва қандпазӣ таъсис дода шудааст»,- зикр намуд Муҳаббат Зарипова.

-Неруи насли калонсолро мо бояд ҳамчун боигарии миллӣ ва асоси рушду шукуфоии минбаъдаи мамлакат истифода намоем,- иброз дошт Сардори маркази минтақавии баҳисобгирии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Исмоил Сироҷиддин.

Дар мамлакат зиёда аз 723  ҳазор нафар нафақахӯрон, аз ҷумла пиронсолон ба қайд гирифта шудаанд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба тасвиб расид, ки ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт маҳсуб мешавад.

Тибқи фармони мазкур, аз 1 сентябри соли 2020 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, ҳифзи иҷтимоӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва кормандони дигар ташкилоту муассисаҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин ташкилоту муассисаҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шуд.

Ҳамаи ин ғамхорию дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири беҳтар намудани зиндагии сокинони мамлакат, аз ҷумла пиронсолону нафақахӯрон равона гардидаанд. То табақаи калонсоли мо зиндагии осуда ба сар бурда, насли ҷавонро ба ватандӯстию садоқатмандӣ, илмомӯзию забондонӣ ва ҳифзи дастовардҳои Ватан даъват намояд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Tags: