Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз Бобоҷон Ғафуров пас аз устод Садриддин Айнӣ ба таҳқиқи мукаммали таъриху тамаддуни тоҷикон иқдом намудааст»

Мехоҳам як нуктаи муҳимро хотирнишон намоям, ки илова ба иҷрои вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ маҳз Бобоҷон Ғафуров пас аз устод Садриддин Айнӣ ба таҳқиқи мукаммали таъриху тамаддуни тоҷикон иқдом намудааст. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик», ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, ки имрўз дар шаҳри Душанбе доир шуд, баён намуданд.

Пешвои миллат тазаккур доданд, ки «академик Бобоҷон Ғафуров дар марҳалаи нави рушди илму фарҳанги тоҷик риштаи тоҷикшиносиро густариш бахшид, ки аввалин падидаи дурахшони он эҷоди асари бунёдии «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» мебошад. Ин асар бори аввал соли 1947 дар шаҳри Душанбе ба забони тоҷикӣ нашр гардид. Арзиши баланди илмии китоби мазкур ҳамчун дастоварди илми таърихшиносии тоҷик дар он ифода меёбад, ки се маротиба – солҳои 1949, 1952 ва 1955 ба забони русӣ дар Москва ба нашр расидааст. Ҳадафи Бобоҷон Ғафуров аз нашри ин китоб ва асарҳои минбаъда ба ҷаҳониён собит намудани ин ҳақиқати илмӣ буд, ки тоҷикон яке аз қадимтарин миллатҳои дунё буда, дар раванди рушди тамаддуни башарӣ нақши басо арзишманди таърихӣ бозидаанд».

Устод Садриддин Айнӣ чопи китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-ро бо хушнудӣ истиқбол намуда, онро такони ҷиддӣ дар дарки илмии гузаштаи ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Осиёи Миёна, қабл аз ҳама, тоҷикон ҳисобидааст.

Мавриди тазаккур аст, ки маҳз баъди нашри ин китоб Бобоҷон Ғафуров аз тарафи мутахассисони соҳа ҳамчун асосгузори илми таърихи тоҷикон эътироф гардид.

Tags: