2-юмин Саммити муколамаи ҳамкории Осиё дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Тайланд баргузор гардид

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар 2-юмин Саммити муколамаи ҳамкории Осиё, ки дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Тайланд баргузор гардид, суханронӣ намуда, саҳми онро дар рушди ҳамкории мутақобила байни кишварҳои қитъаи Осиё муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Дар ҳамоиши сатҳи баланд, ки 8-10 октябри соли равон доир гардид, намояндагони зиёда аз 34 давлати Осиё ширкат варзиданд.
Мақсади асосии Саммит-баррасии масъалаҳо дар соҳаҳои илму маориф, рушди захираҳои инсонӣ, технологияву инноватсия, ҳамкории мутақобила дар самти амнияти озуқаворӣ, энергетика ва об, фарҳанг, сайёҳӣ, рушди фарогир ва устувор арзёбӣ гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: