Дар басти якум 2588 нафар кӯдакону наврасони Душанбе ба истироҳат фаро гирифта мешаванд

ТВТ.15.06.2022.  14 июни соли 2022 дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 23 майи соли 2022 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2022» барои хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт басти якуми истироҳат оғоз гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Истироҳатгоҳҳои берунишаҳрии «Орзу»-и ноҳияи Фирдавсӣ, «Шарора»-и ноҳияи И.Сомонӣ, «Гулхан»-и ноҳияи Сино ва «Зимчуруди»-и ноҳияи Шоҳмансур ба фаъолият шурӯъ намуда, 948 нафар, аз ҷумла 750 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 118 нафар ҳайати омӯзгорӣ ва кормандони техникӣ ва 80 нафар тарбиягирандагони Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанберо ба оғӯш мегиранд.

Дар 37 майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ бо фарогирии 1540 нафар хонандагон басти якуми истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе оғоз гардид, ки то 25 июни соли 2022 идома меёбад.

Дар маҷмӯъ, дар басти якум 2588 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: