Эҳёи адрасу атласбофӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ дар вилояти Суғд

Бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои халқӣ, инкишофи қобилияти зеҳнию эҷодӣ ва истеъдоди шаҳрвандон, қонеъ гардонидани хоҳиш, эҳтиёҷоти маънавӣ ва талаботи онҳо ба интихоб ва аз бар кардани касб дар вилояти Суғд Муассисаи давлатии «Маркази эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ» таъсис дода мешавад.
Муассисаи давлатии «Маркази эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ» барои рушд ва ҳамоҳанг намудани фаъолият оид ба эҳёи адрасу атласбофӣ ва дигар ҳунарҳои халқии шаҳрвандон, омӯзонидани касб, қонеъ гардонидани шавқу завқ бобати таъмин бо ашёи хом, ташкили нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунармандон ба марказҳои таълимӣ, таълимӣ-истеҳсолӣ ва муассисаҳои касбомӯзию истеҳсолӣ мусоидат менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: