Ба гуфтаи сухангӯи президенти Русия В. Путин эҳтимол аст, ки нахустин мулоқоти раҳбарони Русия ва ИМА ибтидои моҳи июли соли равон дар ҳошияи саммити раҳбарони кишварҳои "Бистгонаи бузург" дар шаҳри Ҳамбург доир гардад.
"Агар саммити дигаре пештар сурат нагирад, пас эҳтимол дорад, ки президентҳои Русия ва ИМА дар саммити "G20" мулоқот кунанд. Зеро ин нахустин ҳамоише хоҳад буд, ки ҳар дуи онҳо дар он иштирок мекунанд", гуфтааст сухангӯи президенти Русия дар суҳбат бо CNN. Саммити раҳбарони кишварҳои "Бистгонаи бузург" қарор аст, ибтидои моҳи июли соли равон дар Ҳамбургер баргузор шавад.
Пештар президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ҳоло намедонад, ки бо ҳамтои русаш Владимир Путин кай мулоқот хоҳад кард. Трамп баъди маросими савгандёдкунӣ бо Путин тамос гирифта буд. Раҳбарони ИМА ва Русия борҳо дар бораи ҳамдигар бо эҳтиром суҳбат кардаанд.
Трамп ва атрофиёнашро барои равобити эҳтимолӣ бо Русия интиқод мекунанд. Хадамоти махсуси ИМА Русияро дар дахолат ба раванди интихоботи Амрико ва ҳамла ба компютерҳои Ҳизби демократ айбдор менамояд. Вале Кремл мегӯяд, ин иддао асос надорад.