Дуздии 700 ҳазор сомонӣ аз дохили автомашина

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардидаст, ки санаи 17 ба 18-уми декабри соли 2019, шахсони номаълум дар кӯчаи Деҳотии пойтахт бо роҳи пинҳонӣ тирезаи ақиби автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро шикаста, аз дохилаш 700 000 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини кӯчаи К.Сеткинаи шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Манбаъ: Сомонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Tags: