Душанбе мизбони ҳамоиши доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистону Корея мегардад

Дар доираи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён дар Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Корея  баргузор мегардад.

Аз Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки  ҳадафи ҳамоиш ба таҳкими ҳамкории бисёрсамтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар доираи стратегия ва ташаббуси «Сиёсати нави Шимол» ва дар ҳошияи   саноатикунонии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз чор ҳадафи стратегии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  равона гардидааст.

Интизор меравад, ки доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистону Корея   маҷмӯи масъалаҳои муҳими марбут ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, мошинсозӣ, металлургия,  технология, тандурустӣ  ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ менамоянд.

Дар ҳошияи ҳамоиши тиҷоратӣ ҳамзамон мулоқоти доираҳои тиҷоратии ду давлат дар шакли В2В гузаронида шуда, қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расид.

АМИТ «Ховар»

Tags: